Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин

Читать онлайн.



Скачать книгу

мекунад. Яъне, робита байни асос ва оқибат (натиҷа) мебошад.

      Мисол: Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат зарур аст, ки хадамоти махсус ташкил карда шавад. Дар инҷо асос / сабаб заиф будани соҳаи сайёҳӣ, зимнан натиҷа / оқибат рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад, ки барои он хадамоти сайёҳӣ ба сифати қонуният – маҷмӯи тарзу усул, василаҳо ва меъёрҳои махсуси фалият таъсис дода мешавад.

      Қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ — шароитҳои амалиро барои идоракунӣ ва таъсиррасонии онро ба объектҳои иҷтимоӣ бо мақсади фаъолияти босифат ва таъмини рушди онҳо фароҳам меорад. Қонуният сохти дохилии субъекти идоракуниро (зерсохтори идорашавандаро) бо назардошти ҷузъҳо ва ҳайати сохтор ва тартиби амалҳои мутақобилаи онҳо муайян мекунад.

      Қонунҳои асосии сотсиологияи идоракуниро метавон ба 5 гуруҳ ҷудо намуд: системаҳо, ташкилотҳо, изоморфӣ (баъзан хусусиятҳои ягона ва баъзан гуногун), ташкили фаъолияти идоракунӣ ва идоракунии муносибатҳо.

      Қонунҳои системаҳо аз қонуни дохилинизомии ҷуфтҳо ва қонуни иқтидори амалҳо иборат мебошанд. Дар низоми идоракунӣ аслан тамоми ҷузъҳо бо ҳамдигар дар робитаи мутақобила буда, ҷуфтҳои дохилинизомиро ташкил медиҳанд, ки яке аз онҳо фаъол – идоракунанда ва дигаре камфаъол-идорашаванда мебошанд.

      Дар натиҷаи таъсири мутақобилаи ин ду ҷузъҳо ва ё зернизомҳои фаъол ва камфаъол қонуни дигар – иқтидори амалҳо ҳосил мегардад, ки ҷузи нави низомро ташкил медиҳад.

      Қонунҳои ташкилотҳо низ ба ду қонун: ташкилотҳои ғайрирасмӣ ва идоракунии босамар дар ташкилот ҷудо мешаванд. Қонуни ташкилотҳои ғайрирасмӣ – дар замина ва ё дохили ҳар як ташкилоти расмӣ созмон додани ташкилотҳои ғайрирасмиро (воҳидҳо, гуруҳҳо ва ғ.) иборат аз дӯстон, ҳамфикрон, доираи муоширати шахсӣ ва дигарҳо тавсеа мебахшад. Асоси ташкилот ва ё гуруҳҳои ғайрирасмиро муайянкунии хусусиятҳои рафтори аъзои худ ташкил медиҳад. Мисол: дар ҳар як муассисаи таълимӣ метавонад гуруҳҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар асоси ҷамъиятӣ, машваратӣ, мубоҳисавӣ фаъолият дошта бошад, ба монанди мактаби сиёсатшиносон, маҳфили духтарон, гуруҳи донишҷӯёни эҷодкор ва ғ.

      Тибқи қонуни идоракунии босамар бошад, таъсиррасонӣ ё ин ки фаъолият дар ҳамон вақт самаранок ба ҳисоб меравад, агар мақсадҳои асосии ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ба якдигар мувофиқат намоянд.

      Қонуни ташкили фаъолияти идоракунӣ самаранокии ҷараёни идоракунии объектҳои иҷтимоиро ба дараҷаи мувофиқати вазифаҳо, масъулият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди идоракунӣ дар ҳар як сатҳи он (идоракунӣ) вобаста мегардонад. Аз ҷумла, тавозуни ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар ҷараёни идоракунӣ шарти зарурии самаранокии идоракунӣ мебошад. Одатан татбиқи ин қонун ҳангоми бастани аҳдҳо ва шартномаҳои меҳнатии байни кордиҳанда ва корманд, фармоишгар ва иҷрокунанда возеҳ мегардад. Яъне нақши асосии ин қонун танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва вазифавӣ дар ташкили ҷараёни идоракунӣ мебошад.

      Қонуни муносибатҳои идоракунӣ робитаҳои воқеӣ, зарурӣ ва муҳим