Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин

Читать онлайн.



Скачать книгу

гардид, ташкилотҳои зертоберо ба ҳоли худ гузошт, аз масъулият ва уҳдадории парасторӣ, таъминот ва ҳифзи манфиатҳои онҳо даст кашид, ҳол он ки тамоми ғанимат ва арзишҳои моддӣ дар истифодаи бевоситаи он (ташкилоти болоӣ) қарор дошт. Аз ин собиқаи талхи ҳаёт, ки кулли шаҳрвандони собиқ кишварҳои узви ИҶШС, бахусус Тоҷикистон онро диданд, хулоса бармеояд, ки поёни / оқибати низоми идоракунии авторитарӣ ва ё ҳукмронии мутлақ, ин шикаст, беҳокимиятӣ ва дар як замон аз даст додани тамоми иқтидор ва ғанимату арзишҳои моддию моллӣ мебошад.

      Низоми идоракунии демократӣ бошад, барои Тоҷикистон баракс новобаста аз «меросҳои низоми гузашта» ба халқ ҳамчун миллат, соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва давлат мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва комилҳуқуқӣ дод ва дар муддати кӯтоҳтарин ҳамчун воҳиди том ба ҷаҳониён ҳамчун узви комилҳуқуқ шинохт намуд.

      Сохти демократӣ ҳолатҳои зиёди гуногунқолибӣ ва ихтилофоти сиёсӣ, муборизаҳои идеологӣ ва фарзияҳои мухталифро оид ба тағйиротҳо пеш овардааст, ки аз принсипҳои идории он бармеояд. Яъне, ин сохт майдоне мебошад, ки дар он на як (чун коммунизм), балки якчанд субъект / ташкилот дар шароити баробари рақобатнок баҳри беҳдошти ҳаёт ва вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию фароғатии гуруҳҳои мақсаднок (шаҳрвандон) қувваозмоӣ мекунанд ва албатта ғолиб дар як давраи муайян бо амалӣ намудани ғояҳои пешниҳонамудаи худ (ва аз ҷониби халқ қабулшуда) ҳукмфармоӣ мекунад, аммо мубориза анҷом намеёбад; баръакс рақибон имкониятҳои худро барои рақобати (муборизаи) оянда хубтару беҳтар менамоянд.

      Дар инҷо метавон ба таври васеъ бартарияти ин ду низоми идории гуногуни сиёсиро (коммунизм / сотсиализм ва демократизмро) баҳогузорӣ намуд. Дар мисоли боло нисбат ба низоми коммунизм бараъло муайян гардид, ки ҳукмфармоии мутлақ оқибати фалокатбор дорад ва наметавонад дар воқеъ рисолати худро – адолати иҷтимоиро таъмин созад. Аммо низоми дигари сиёсӣ – демократизм бо принсипи гуногунандешӣ ва фароҳам овардани шароити рақобатнок имконият фароҳам меорад, ки дар идоракунии давлатӣ на як, балки якчанд субъекти хоҳиш ва азму иродаи ҳукмфармоидошта иштирок намоянд. Дар ин ҳолат, яъне (имконияти баробари) ҳукмфармоии баробари якчанд субъект эҳтимоли шикаст хурдани низоми идории сиёсӣ дур мемонад, зеро ҳангоми бохти як субъект, субъекти дигар омода аст, ки ҷойи ӯро дарҳол ишғол / пур намояд. Яъне, субъекти ҳукмфармо дигар мешавад ва ё шикаст мехӯрад, аммо на низом ва ё сохти идории сиёсӣ; мувофиқан давлат томияти худро гум намекунад, баръакс дар шароити рақобатҳои байни субъектҳои сиёсӣ устувор шуда, кафили осоиштагӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа мегардад.

      Сохти демократии идоракунӣ аз ҷанбаҳои зиёди иҷтимоӣ иборат мебошад. Он имкон медиҳад, ки халқ дар идоракунии давлатӣ ба воситаи намояндаҳои худ ва ё бевосита иштирок намояд. Ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ эътирофи шахсияти корманд, таъмини бехатарӣ, суғуртаи тандурустӣ, ташкили шароитҳои фароғатӣ ва пардохти маоши муносиб аз меъёрҳои ҳатмӣ ба шумор мераванд.

      Дар