Название | Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ |
---|---|
Автор произведения | Миралиён Қиёмиддин |
Жанр | Прочая образовательная литература |
Серия | |
Издательство | Прочая образовательная литература |
Год выпуска | 0 |
isbn | 9785449637376 |
Дар баробари ин, барои рушди соҳаҳо ва минтақаҳо барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлат ва дарзомуҳлат мунтазам қабул ва амалӣ гардонида мешаванд, ки дар маҷмуъ механизми идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро ташкил медиҳанд. Мисоли ин барномаҳо «Барномаи рушди маориф барои солҳои 2010—2015», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016—2018», «Барномаи рушди нерӯи зеҳнии инсон то соли 2020», «Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Хатлон», ва ғайра шуда метавонанд.
Яке аз нуктаҳои муҳими сиёсати барномасозии Тоҷикистон дар ҳамин давраи фаъолият ба он асос меёбад, ки Ҳукумат барои / дар ояндаи наздик ба таҳкими нерӯи институтсионалӣ бо назардошти ташаккул додани низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар ҳама муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ афзалият додааст.
Мутаносибан зарур мегардад, ки заминаҳои устувори илмию методологии ҷараёнҳои идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар умум дар кишвар ва дар алоҳидагӣ нисбат ба ҳар як субъекти идоракунӣ бо назардошти талаботи иқтисоди бозоргонӣ ташаккул дода шуда, бо назардошти сиёсати давлатӣ дар ин самт механизмҳои мувофиқан нав ва муносиби идоракунии хоҷагидорӣ-истеҳсолӣ бо фароҳам овардани шароитҳои баробар, далелнок ва адолатхоҳ дар муносибатҳо амалӣ гардонида шаванд.
4.2 Идоракунии равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ
Рӯи масъалаҳои идоракунӣ марбут ба ҷанбаҳои сиёсии он – ҳокимияти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ олими Ғарб М. Вебер бештар кор кардааст.
Бюрократизм новобаста аз хусусияти манфӣ доштанаш дар фаъолияти идораи давлатӣ бинобар муносиб будан барои назорат ва батанзимдарории муносибатҳо доимо истифода мегардад. Аз ин рӯ, М. Вебер бюрократияро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, чанде назариёти худро атрофи истифодаи босамари он пешниҳод менамояд. Олим хусусиятҳои зарурии амалӣ ва самараноки бюрократияро