Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин

Читать онлайн.



Скачать книгу

2013, яъне пас аз 10 соли фаъолият ва аз худ кардани таҷриба он ба шахси ҳуқуқӣ табдил дода шуда, дар шакли нав ва мустақил – Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбад. Инро метавон марҳилаи дуюми ташаккулёбии институти идоракунӣ дар Тоҷикистон номид.

      Акнун Донишкада дар воқеъ мактаби таълимию илмии идоракуниро ташкил медиҳад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

      Донишкада дар сохтори худ дар баробари дигар воҳидҳо кафедраҳои идоракунии давлатӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, идоракунии иқтисодиёт ва молия ва илмҳои гуманитарӣ-иҷтимоиро муқаррар кардааст, ки дар ташаккул ва рушди илми идоракунӣ ва таҳкими низоми идораи давлатии кишвар метавонанд саҳми муносиб гузоранд.

      САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ

      – Тоҷикистон кай низоми идоракунии мустақили худро ташкил дод?

      – Назарияҳои илмию тадқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ мебошад?

      – Дар даврони ҳукмронии ИҶШС низоми идоракунии Тоҷикистон чӣ гуна буд?

      – Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба кадом принсипҳо асос меёбад?

      – Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз чанд шохаи ҳокимият иборат мебошад?

      – Низоми прокуратура дар Тоҷикистон сохтори идоракунӣ аст ва ё шохаи ҳокимият?

      – Сохти идории Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом институт ташкил медиҳад?

      – Сохтори идории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

      – Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба идоракунии давлатӣ чӣ рабт дорад?

      – Ҳамчун мактаби таълимию илмии идоракунии Тоҷикистонро кадом муассиса муаррифӣ менамояд?

      АДАБИЁТ ВА ДИГАР САРЧАШМАҲОИ МАЪЛУМОТ

      – Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 қисми 2, мод.344

      – Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, мод. 300

      – Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №5, мод. 363; соли 2008, №3, мод. 202; соли 2010, №7, мод. 554; соли 2013, №3, мод.202

      – Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №7—8, мод.611

      – Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13, мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №9, мод. 238; соли 2005, №12, мод.626.

      – Дар бораи донишкадаи мо. [Маводи электронӣ]. / Тарзи дастрасӣ: http://did.tj/index.php?newsid=155

      – Иерархия власти в СССР и их пространственная структура. / Тарзи дастрасӣ: http://www.libertarium.ru/l_knig_ier

      – Қодиров Д. С. Марҳилаҳои ташаккулёбии илми идоракунии давлатӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқт озод, 2015. – С. 62—71

      – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      – Мавлоназаров С. С. Самарабахшии технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқи озод, 2015. – С.153—158

      – Политические партии Таджикистана. / Тарзи дастрасӣ: http://www.quickiwiki.com/ru/

      – Раззоқов Б. Ҳ. Идораи