Писари иблис Наримон. 8. Некрӯз Назирзода

Читать онлайн.



Скачать книгу

пурқудрадтарин шуданаш лозим ва ҳамин тавр ҳам мешавад!

      Фасли сеюм

      Сири Луиза

      Авранг суханонашро ба итмом расонид ва ба тарафи ҳуҷраи худ рафт. Аз паси ӯ Камар, Бадир ва Сафия рафтанд. Авранг ба курсии худ нишаста аз дигарон пурсид:

      – Луиза дар куҷо?

      Ҳама ба якдигар нигоҳ мекарданд ва ҳамон вақт Луиза саросемавор даромада омад. Авранг аз ҷои худ хесту ба Луиза муддате нигоҳ кард ва пурсид:

      – Дар куҷо будӣ?

      – Ба берун баромада будам— Луиза ҷавоб гардонд.

      Авранг оҳиста ба Луиза наздик шуд ва рост ба чашмони ӯ нигоҳ карду боз пурсид:

      – Оё ба берун бо ягон мақсад баромадӣ?

      Пас аз савол Луиза чашмонашро аз чашмони Авранг канду ба замин нигоҳ кард ва ҷавоб дод:

      – Не, ягон мақсаде надоштам.

      – Хуб— гуфт Авранг —Маро танҳо гузоред. Фақат Сафия ту бимон— ӯ ба Сафия нигоҳ кард.

      Ҳамма баромада рафтанд. Танҳо Сафия ва Авранг монданд. Авранг ба ӯ нигоҳ карду гуфт:

      – Сафия, ба ту як вазифа медиҳам. Ту аз ӯҳдаи ин кор мебароӣ. Ин корро ман умуман ба Камар бовар намекунам. Ӯ чӣ тавре, ки ман мехоҳам, иҷро карда наметавонад.

      – Бигӯ! ба ҷо меорам— гуфт Сафия бо оҳанги боварӣ.

      – Луиза чизеро аз ман пинҳон мекунад— шубҳа кард Авранг —Вазифаи ту аз ҳамин лаҳза аз ҳар як қадами Луиза хабардор мешавӣ ва маро низ хабардор менамоӣ. Ба куҷое наравад, аз пасаш бирав! Туро касе набинад ва надонад. Ин гап дар байни ҳардуи мо бимонад! Амали шубҳанок намуд, маро худи ҳамон вақт огоҳ менамоӣ. Фаҳмидӣ?

      – Фаҳмидам— гуфт Сафия ва Авранг ишора кард, ки равад.

      Сафия аз он ҷо баромада рафт.

      Ҳамон вақт Наримон оташи доирашаклро аз ин дарс ба ин даст гузаронида, бозӣ карда нишаста буд, Камар ба назди ӯ омад. Ӯ ба падараш нигоҳ карду оташбозиро давом дод.

      – Чаро ба ман дар бораи асрори Тирагоҳ нақл накардӣ? – пурсид Наримон аммо ду чашмаш дар оташ буд —Чаро ман аз ту нею бояд аз дигарон дар бораи ин шунавам?

      Наримон мисли иблисони дигар ҳатто падарашро «Ту» гуфта муроҷиат мекард. Барои он, ки дар он ҷо ҳурмат чӣ буданашро намедонистанд.

      – Чиро дар назар дорӣ Наримон? – падар пурсид аммо Наримон чиро дар назар дошт, Камар хуб медонист.

      – Кӯшиш кун, ки ёбӣ – гуфт Наримон —Асрори бузургтарини Тирагоҳ чист? Албатта, шамшери манҳусро дар назар дорам. Чаро ба ман дар бораи ин чизе нагуфтӣ? Ё ин, ки оё асрори Тирагоҳро ман низ набояд бидонам, мисли бегонагон?

      – Не албатта— ҷавоб дод Камар —Ту ҳақ дорӣ, ки аз ҳамаи ин бохабар бошӣ. Намедонам, ки дар бораи шамшери манҳус аз куҷо маълумот гирифтаӣ, аммо ман умед мекунам, ки он шамшер ба ҳеҷ кас лозим намеояд. Он шамшер кулфат ва касофат меорад. Фикр кардам, ки дар бораи он надонистагиат беҳтар аст.

      – Инсонҳо чӣ? – Наримон Камарро саволборон кард —Инсонҳо низ кулфат меоранд? Авранг ин қадар онҳоро бад мебинад? Агар онҳо то ҳамин дараҷа дар назди мо заиф, нотавон бошанд, аз дасташон чизе наояд, чӣ тавр ба мо душманӣ карда метавонанд?

      Камар