Писари иблис Наримон. 8. Некрӯз Назирзода

Читать онлайн.



Скачать книгу

суханашро давом дод:

      – Медонам, ки кадом роҳро интихоб мекунӣ ва пешакӣ гӯям, ки писарат то ба синни ҳаждаҳ расидан аз Тирагоҳ як қадам ҳам ба берун намебарояд, инсониятро намебинад, модараш инсон будагиашро намедонад. Фақат бо қонуну қоидаи иблисҳо зиндагӣ мекунад. Агар ба ҳаждаҳсола нарасида аз Тирагоҳ барояду ба инсоният ҳамроҳ шавад, ҳамон рӯз ҳам туро ва ҳам писаратро марги бешафқат интизор аст. Агар ба ҳамин шарти ман розӣ бошӣ, писарат зинда, дар ҳамин ҷо мемонад.

      Камар хомӯш меистод. Ҳама бошад ҷавобро интизор буданд.

      – Ҷавобро интизорам— гуфт Авранг —Розӣ ҳастӣ ё не?

      Камар ба чеҳраи хурдакаки Наримон нигоҳ карду ҷавоб дод:

      – Розӣ ҳастам!

      Фасли дувум

      Асрори Тирагоҳ

      Аз байн чордаҳ сол сипарӣ гашт. Наримон ба синни чордаҳ расид ва ҳоло бори нахуст ҳам инсонро надидааст. Ҳаёти инсонӣ чи буданашро намедонист. Ӯ дар байни иблисҳо, мору тортанакҳо калон шуд ва дар бораи некӣ, зебогӣ ва меҳр ҳатто тасаввуроте надошт. Намедонист, ки дард чӣ аст. Ба фикри наримон ҳаёт ин даруни Тирогоҳ аст ва Тирагоҳ тамоми дунёи Наримон буд. Дар давоми чордаҳ сол ҳатто ба баромадгоҳи Тирагоҳ наздик ҳам нашуд.

      Наримон писараки содда буд ва мӯйҳои ҷигарию чашмони калон – калон, ки ранги чашмон низ ранги мӯйҳои ӯ ҷигарӣ буданд. Дар вақтони охир Наримон бисёр таъсирчан шуда буд, ки ин хислати ӯ Камарро хавотир мекарду ғазаби Аврангро меовард. Соддадил будани ӯ дар назди амакбачааш Самеъ боз ҳам намоёнтар мешуд.

      Самеъ писари Бадир буд. Ӯ аз Наримон як сол хурд буд, аммо аз Наримон зиёд чизро медонист. Самеъ мисли падараш бераҳм, сангдил буд. Ҳайвонҳои дар Тирагоҳ бударо кушта, морҳоро майда – майда карда мегашт. Ӯ мӯйҳои зард, чашмони кабуд қомати хароб ва дандонҳои калон – калон дошт. Ба хулқи хунуки ӯ нигоҳ накарда, Наримон ва Самеъ муносибати хуб доштанд.

      Модари Самеъ яке аз иблисҳои Тирагоҳ Кибрия буд. Кибрия аз намуди зоҳирӣ бо Самеъ монанд буданд. Ӯ низ мӯйҳои зарду чашмони калони кабуди ранги хунукӣ, пешонаи майда дошт ва шакли рӯи ӯ рӯи қурбоққаро ба назди чашм меовард. Кибрия Наримонро хуш намедид ва Ба Самеъ бо Наримон вақти зиёд гузаронданро манъ мекард. Аммо ба муқобилияти Кибрия нигоҳ накарда, Самеъ вақти зиёди худро бо Наримон мегузаронид, барои он, ки дар тирагоҳ дигар иблиси наврас набуд.

      Рӯзе Наримон як морро дар даст бозикунон нишаста буд, ба наздаш Самеъ омад.

      – Наримон— гуфт Самеъ —Ҳаёти ту умуман ғайриоддӣ. Аз саҳар то шаб ҳайвонҳоро бозикунон менишинӣ, ягон сеҳру ҷодуро омӯхтан намехоҳӣ, аз Тирагоҳ дар ҳаётат набаромадӣ. Барои чӣ айнан ба ту баромадан мумкин нест? Сабабаш чӣ бошад?

      – Ман низ шабу рӯз ба худам савол медиҳам— гуфт Наримон —Чаро айнан ман? Чаро ба ман мумкин нест, ки ба берун бароям ва одамонро бубинам. Самеъ, ту бори зиёд ба берун баромадӣ. Ҳаёт дар берун чӣ хел? Зоте, ки «Инсон» ном дорад чӣ хел аст?

      – Ба ту чӣ тавр тасвир кунам— гӯён Самеъ ба девор нигоҳ карду инсониятро тасвир кард —Инсонҳо тарсончак ва камқувват. Онҳо сеҳру ҷодуро намедонанд, ба ягон ҳайвон