Название | Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ |
---|---|
Автор произведения | Миралиён Қиёмиддин |
Жанр | Прочая образовательная литература |
Серия | |
Издательство | Прочая образовательная литература |
Год выпуска | 0 |
isbn | 9785449637376 |
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагиро чӣ тавре дар боло ишора гардид, Маҷлиси вакилони халқи маҳал (вилоят, шаҳр, ноҳия, Ҷамоат) ташкил медиҳад. Вакилони Маҷлиси вакилони халқ аз ҷониби шаҳрвандон-истиқоматкунандагони ҳудуди муайян интихоб карда мешаванд.
Салоҳдиди Маҷлиси вакилони халқ тибқи Конститутсия аз тасдиқи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои он, муайян кардани роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳал, муқаррар намудани андоз ва пардохти маҳаллӣ мувофиқи қонунгузории дахлдор, дар доираи қонун муайян намудани тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ ва амалӣ сохтани ваколатҳои дигар иборат мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар вилоят -раиси вилоят, дар шаҳр-раиси шаҳр ва дар ноҳия-раиси ноҳия идора (роҳбарӣ) менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ду сохтор: дастгоҳ ва ҷумҳуриявӣ иборат мебошад. Дастгоҳи мақомот дар як вақт дастгоҳи раиси вилоят / шаҳр / ноҳияро ташкил дода, ҳайати он аз ҷониби худи раис таъин мегардад. Сохтори ҷумҳуриявии мақомот бошад, ҳамчун намояндаи соҳаҳои муайян (вазорату идораҳо) дар маҳал сиёсати соҳавиро татбиқ месозад, мувофиқан ташкили ҳайати он дар салоҳияти вазорату идораҳо бо мувофиқаи иақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ мебошад.
Ин сохторҳоро ҳамчунин сохтори идоракунии тарзи амудӣ ва уфуқӣ низ меноманд, ки уфуқӣ – амалҳоро дар худи маҳал ва амудӣ аз ҷумҳурӣ ба маҳал ва ё аз боло ба поён ифода мекунанд.
Боиси зикр аст, ки дар шароити муосири ҷомеа сохтори идоракунии омехта низ амалӣ гардонида мешавад. Дар ин сурат нисбат ба мақомоти болоӣ (вазорату идораҳо) усулҳои ҳамоҳангсозӣ на супоришӣ истифода мегарданд. Буҷет ва ё маблағгузории фаъолият бошад, асосан аз ҳисоби манбаҳо ва салоҳдиди маҳаллӣ ташкил меёбад. Дар ин тарзи идоракунӣ сохти уфуқии идоракунӣ бартарият пайдо мекунад.
Мисол: дар ҷумҳурӣ ҳар ду навъи идоракуниро дар фаъолияти соҳаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ метавон баррасӣ намуд – соҳаи кор бо занон ва оила тибқи сохтори уфуқӣ ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мувофиқи сохтори амудии идоракунӣ амал менамоянд.
Соҳаи кор бо занон ва оила танҳо ваколати пешбурди сиёсат ва ҳамоҳангии сохтори маҳаллиро дошта, ба ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳа дахл карда наметавонад. Яъне, ваколати боқимондаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.
Аммо сохтори ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баробари пешбурди сиёсат ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳаро ташкил карда, мувофиқан ваколат ва василаҳои зиёди идоракуниро соҳиб мебошад.
Ин ҳар ду сохтори идоракунӣ ба худ бартариятҳои хос доранд, аммо айни замон сифат ва маҳсулнокии кор/фаъолият дар сохти амудии идоракунӣ, яъне соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бештар ба назар мерасад.
Мақомоти