Название | Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ |
---|---|
Автор произведения | Миралиён Қиёмиддин |
Жанр | Прочая образовательная литература |
Серия | |
Издательство | Прочая образовательная литература |
Год выпуска | 0 |
isbn | 9785449637376 |
Шаклҳои гуногун ва нисбатан устувори идоркунӣ асосан аз фаъолияти қадими давлатдорӣ дар Осиёи миёна пайдо гардидааст, аз ҷумла давлатҳои қадимтарини Аншон, Кумош ва Эллам (аз асри VIII ҳазораи V то асри VII пеш аз милод), инчунин давлатҳои Кассатиҳо, империяи аввалини форс Ҳахоманиш, Порт, Сосониён, Сомониён ва ғайра.
Барои мисол давлати Ҳахоманишиён (558—331 пеш аз милод) бо системаи Сатрап амал мекард, ки онро ба сохти Иттиҳоди давлатҳои Аврупо ва ё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шабоҳат додан мумкин аст. Давлати Ҳахоманишиён аз 33 Сатрап (ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои бузург) ба монанди Бохтар, Суғд, Хоразм, Миср ва ғайра иборат буд, яъне ҳар як Сатрап як ҷумҳурӣ ва ё вилоятро ташкил медод. Системаи Сатрап, ба подшоҳи марказӣ – Шоҳаншоҳи Ҳахоманишҳо вобастагӣ дошт, аммо ҳар як Сатрап шоҳи худро низ дошт ва ба содироту воридот, буҷет ва тақдири одамон масъулияти шахсӣ доштанд ва мустақилона амал мекарданд. Сатрапҳо артиш надоштанд, мувофиқан харҷи зиёд намекарданд, аммо ҳар сол ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Артиш ва ба ин васила ҳифзу таъмини бехатарии ҷомеа бар уҳдаи ҳокимияти марказӣ буд. Дар Форс ҳукмронӣ танҳо дар ягонагии умумии худ иттиҳоди халқҳо мебошад, ки ба халқҳои муттаҳид озодона арзи вуҷуд намуданро пешниҳод мекунад – гуфта буд, Гегел (Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. 2006.). Дар ин ҷо боиси зикр аст, ки сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералии давлат, ба монанди мустақилият ва озодӣ маҳз дар фаъолияти давлати Ҳахоманиш васеъ инъикос меёбад, яъне демократия барои мо бегона нест, гараанде онро мо акнун (дар шакли муосир) омӯхта ва амалӣ гардонида истода бошем ҳам.
Илми идоракунӣ тибқи назариёти таҳқиқотчиёни Ғарб дар нимаи дуюми асри XVIII ба вуҷуд омадааст, аммо назариёти давлатдорӣ, мувофиқан, усулҳо ва василаҳои гуногуни идоракунӣ мувофиқи рисолаи «Сиёсатнома» -и мутафаккирони Шарқ Низомулмулки Тусӣ (1063—1092) хеле барвақт аз асри XI манша мегирад. Яъне, новобаста аз он ки дар ҷаҳони муосир дастовардҳои илмии соҳаи идоракунӣ бештар ба таҳқиқотчиёни Ғарб рабт дода мешавад, аммо заминаҳои назариявии он ҳанӯз 6 садда пеш (дар имрӯз низ) аз ҷониби мутафаккири форсу тоҷик Низомулмулки Тусӣ бо фарогирии услуб ва усулҳои гуногуни идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи Шариат (таълимоти дини мубини Ислом) таълиф гардидааст. Низомулмулк бо назардошти таҷрибаи идоракунии давлатҳои «Сомониён» ва «Ғазнавиён» мактабҳо, ки бо номи «Низомия» шинохта мешуданд, ташкил намуда, дар мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ходимони давлатиро тарбият менамуд.
Аз ин ҷо бармеояд, ки назарияҳои таҳлилу таҳқиқотии марбут ба идоракунӣ на асри XVIII, балки асрҳои X – XI ва на дар Ғарб, балки дар Шарқ ва бо саҳми муносиби мутафаккирони форсу тоҷик нуфуз пайдо намудааст. Аммо корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию амалӣ дар самти мазкур дар воқеъ оғоз аз асрҳои XVIII – XIX ва асосан дар Ғарб равнақ ёфта, то ба имрӯз дар назарияҳо ва моделҳои гуногуни идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ зимни коркард ва татбиқи васеъ қарор