Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев

Читать онлайн.
Название Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ
Автор произведения Далержон Дадоевич Ходжибаев
Жанр Биология
Серия
Издательство Биология
Год выпуска 2022
isbn



Скачать книгу

мадааст.

      Дар расми мазкур сохтори иерархии фанни Экологияи муҳандисӣ нишон дода шудааст:

      Экология

      Экологияи инсон

      Экологияи муҳандисӣ

      Ҳифзи муҳити атроф

      Ҳифзи меҳнат

      Расми 1. Мавқеъи фанни экологияи муҳандисӣ

      Ҳифзи муҳити атроф – ин системаи чораҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва санитарӣ мебошад, ки истифодабарии оқилонаи захираҳои табииро таъмин менамояд.

      Ҳифзи меҳнат – системаи таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии коргарон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, ки чораҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ-техникӣ, санитарӣ – гигиенӣ, табобатӣ-профилактикӣ, барқароркунӣ ва дигарро дар бар мегирад.

      Экологияи муҳандисӣ – элементи асосӣ барои табдилдиҳии биосфера ба ноосфера мебошад.

      Равияҳои принсипиалии ҳифзи экологии муҳандисӣ.

      Равияҳои асосӣ – ин ҷори намудани технологияҳои захирасарфаи бе-партов ва кампартов, биотехнология, истифодабарии пасмондаҳо ва аз ҳама муҳимаш экологиякунонии ҳамаи истеҳослот, ки дар он ҳамаи намудҳои таъсири ҳамдигарӣ бо муҳити атроф ба сикли гардиши моддаҳои табиӣ таъмин карда шавад.

      Экологикунонӣ гуфта ҷорӣ намудани технологияҳо ё ки ҳалли дигар масъалаҳо, ки истифодабарии самараноктари захираҳои табиатро бе вайрон намудани сифати муҳити атроф имкон медиҳад.

      Технологияи бепартов – имконияти истифодабарии пурраи коркарди ашёҳо ва пасмондаҳоро таъмин менамояд.

      Технологияи кампартов, минимум партовҳои сахт, моеъ ва газмонанд.

      Дуюмбора истифодабарии захираҳои моддиро – ресиркулятсия меноманд.

      Обтаъминкунии баргардон, обтаъминкунии сарбаста.

      Равандҳои биотехнологӣ дар асоси ҳосили маҳсулоти барои одам зарур, самараҳо бо ёрдами микроорганизмиҳо (коркарди усулҳои биологии тоза кардани обҳои шоранда, истифодабарии партовҳои маишӣ, барқарор намудани микробии заминҳои ифлосшуда ва ғайраҳо).

      Оид ба мавзӯъҳои ҳафтаина

      Расми 1.1. Интерфейси барномаи Google Earth Desktop

      Дарси амалӣ

      Истифодабарии барномаи Maps.ME. Насб кардани барнома ба таҷҳизот (смартфон). Имкониятҳои барнома. Сабти нуқтаҳо бо координаҳои он.

      Дарси КМРО

      Истифодабарии барномаи компютерии Google Earth. Сомонаи барнома – версияи ВЕБ. Истифодабарии барнома дар мониторинги муҳити атроф. Имкониятҳои барнома. Нишон додани донишкада аз барнома (расми 1.1.).

      2. Таъсири антропогенӣ ба атмосфера

      Маълумотҳои умумӣ оиди атмосфера. Атмосфера аз худ қабати ҳавоии заминро ташкил медиҳад, ки он аз омехтаи газҳои бо массаи умумии 5,15 * 1015 т мебошад. Вобаста аз тақсимшавии ҳарорати атмосфера онро ба тропсфера, статосфера, мезосфера, термосфера, экзосфера ҷудо менамоянд.

      Тақрибан 80 % массаи ҳаво ва қариби ҳамаи буғи обӣ дар тропосфера ҷамъ шудааст, ки ҳудуди болоии он 8-10 км дар қутбҳо ва 16-18 км дар экватор мебошад. Қисми сертаркиби он дар баландии то 2 км, қисми поёнии тропосфера мебошад. Дар сатҳи Замин атмосфера таркиби газии зеринро дорост: 78,1% – нитроген, 20,9 оксиген, 0,9% аргон, 0,03 % дуоксиди карбон, миқдори ками гидроген, гелий, неон ва дигар газҳо. Миқдори буғҳои обӣ аз 3-4% дар тропикҳо ва то 2*10-5 % дар Антарктида. Миқдори обҳои буғӣ бо баландӣ кам мегардад.

      Ба стратосфера тақрибан 20 % ҳамаи массаи атмосфера рост меояд ва 5 % – ба ҳамаи ҳамаи дигар қабатҳои атмосфера. Дар баландии 20-25 км қабати озонӣ ҷойгир шудааст, ки ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи Заминро аз афканишоти кӯтоҳмавҷӣ Офтоб ва фазои атрофи кайҳонӣ нигаҳ медорад. Дар қабатҳои болоии атмосфера, аз баландии 50-80 км сар карда, ҳиссаи газҳои сабук – гелий ва гидроген зиёд мегардад. Қисми молекулаҳои ин газҳо зери таъсироти нурафкании кайҳонӣ ба атомҳо ва ионҳо ҷудо шуда, ионосфераро ташкил медиҳад, ки он нақши ҳифзкунандаро дар паҳншавии мавҷҳои радиоӣ бозӣ мекунад. Ҳудуди болоии ионосфера ҳудули берунаи магнитосфераро муайян мекунад.

      Аз рӯи маълумотҳои А.М.Апатет, дар натиҷаи фотосинтези растаниҳои муосир оксиген дар атмосфера дар муддати 5 ҳазор сол азнав мешавад, диоксиди карбон бошад – дар 11 сол (аз ҳисоби азхкудкунии растаниҳои олӣ, обсабзҳо ва бактерияҳо).

      Қабатҳои поёнии тропосфера одатан бо маҳсулоти фаъолияти вулқонӣ, чанги аз сатҳи Замин ба баландии зиёд паҳншуда, ва инчунин намакҳои минералӣ ки аз оби шӯри баҳрҳо ҳамроҳ мешавад ё ки аз сатҳи шӯри замин дефлятсия мешавад, ифлос мебошад. Зарраҳои дисперсии муаллақи коллоидӣ ва сахт, ки ба тропосфера паҳн мешаванд, шаффофнокии муҳити ҳавоиро паст менамоянд.

      Ҳавои атмосферӣ – ин захираи камнашванда мебошад, вале дар минтақаҳои алоҳидаи курраи замин он ба таъсироти сахти антропогенӣ дучор мешавад, ки масъала оиди тағироти сифатии ҳаво дар натиқаи ифлосшавии атмосфера ба миён меояд.

      Ифлосшавии антропогении ҳавзаи ҳавоӣ. Дар вақтҳои охир ифлосшави антропогении атмосфера зиёд шуда истодааст, ки зери ин мафҳум- ворид гаштан ё зиёд шудани моддаҳои